Дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобӣ тими миллии Тоҷикистон бо яккачини Филиппин мусовӣ 1:1 карда, роҳхати чемпионати қитъавиро да баст овард.
Ин бозӣ 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, 15 200 тамошобинро ҷалб кард, ки сатҳи баланди таваҷҷуҳи мухлисонро ба бозии дастаи миллӣ нишон медиҳад.
Шериддин Бобоев голи ягонаи дастаи Тоҷикистонро зад.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин 14 холӣ касб карданд. Аммо бо шарофати таносуби тӯбҳо дастаи мо дар гурӯҳи “А” ҷойи аввалро ишғол намуд.