Тими миллии Тоҷикистон бо рӯзноманигорон ва блогерон вохӯрии озод баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бо рӯзноманигорон ва блогерон вохӯрии озод баргузор кард

Дар остонаи бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппин, рӯзноманигорон ва блогерон ба қароргоҳи дастаи мо ба меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе омаданд.

Дар ҷараёни суҳбати озод намояндагони ВАО ба саволҳои худ аз сармураббии тими миллӣ Горан Стеванович, инчунин аз бозигарон Аҳтам Назаров ва Рустам Ятимов посух гирифтанд.

Сармураббӣ қайд кард, ки даста ба бозӣ бо омодагии хуб ва диққати хос назар мекунад.

«Дар пеш вохӯрии хеле муҳим аст. Мо ҷиддӣ омодагӣ мебинем. Филиппин рақиби қавӣ ва бароямон ноқулай аст. Бале, моро мусовӣ қонеъ мекунад, аммо бо мақсади мусовӣ ба майдон баромадан хатарнок аст. Аз ин рӯ, танҳо барои пирӯзӣ омодагӣ мебинем», – таъкид намуд Стеванович.

Ҳамчунин Стеванович зикр кард, ки як қатор бозигарон ба ин ҷамъомад бинобар ҷароҳат ва нарасидани таҷрибаи бозӣ даъват нашуданд. Ин дар ҳоле, ки ӯ илова намуд, дарҳои тими миллӣ барои ҳамаи футболбозон боз аст: ҳайати мураббиён довталабонро бодиққат назорат мекунад, баромадҳои онҳоро таҳлил менамояд ва умед дорад, ки дар оянда ин бозигарон метавонанд мунтахабро тақвият дода, имкони нишон додани худро пайдо менамоянд.

Капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров низ тасдиқ кард, ки даста пурра барои пирӯзӣ тамаркуз мекунад.

«Мо бояд фаромӯш кунем, ки мусовӣ бароямон кофӣ аст. Фазо дар даста чунин аст – танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем. Ҳамаи мухлисонро даъват мекунем, ки 31 март ба варзишгоҳ омада, дастаро дастгирӣ кунанд», – гуфт ӯ.

Дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов низ аҳамияти ин вохӯриро таъкид кард.

«Мо дар рӯҳияи хуб қарор дорем. Ин бозии хеле муҳим аст. Дар тими миллӣ, махсусан дар чунин рақобатҳо тамоман фазои дигар ҳукмфармост», – гуфт дарвозабон.

Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ва блогерон бо бозигарони тими миллии Тоҷикистон сари як дастархон нишаста, бо футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмурият дар муҳити ғайрирасмӣ суҳбатро идома доданд.

Назари худро бинависед