Дастаи миллии футзали Тоҷикистон бозии охирини худро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия ҷараён дорад, доир намуд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ яккачини Тоҷикистон бо Австралия мусовӣ – 1:1 кард. Дар ин вохӯрӣ Идрис Ёров ягона голи дастаи моро зад.
Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Тоҷикистон ду имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «C» ҷойи сеюмро гирифт ва ҳунарнамоиро дар Ҷоми футзали-Осиё 2026 ба анҷом расонд.