Тими миллии футзали Тоҷикистон: субҳонаи матбуотӣ пеш аз чемпионати чаҳон-2024 – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон: субҳонаи матбуотӣ пеш аз чемпионати чаҳон-2024

Имрӯз, 3-юми сентябр дар тарабхонаи «Community Dushanbe» бахшида ба Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал, ки дар он аввалин бор дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок мекунад, субҳонаи матбуотӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон ва блогерҳои маъруфи кишвар ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов, капитани тими миллӣ Дилшод Саломов, инчунин, бозигарони яккачини мамлакат Фируз Бекмуродов ва Идрис Ёров иштирок доштанд.

Давоми ду соат онҳо ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО ва блогерон посух доданд. Вохӯрӣ дар фазои гарму самимӣ дар шакли саволу ҷавоб гузашта, ба иштирокчиён ҳиссиёти мусбат бахшид.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «Е» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо яккачинҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду вохӯрии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва сеюмин дар Бухоро баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед