Тими миллии футзали Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ҷамъомади тамринии даста аз 14 то 24 январ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ мунтахаби Тоҷикистон бо яккачинҳои Қирғизистон (16 январ), Индонезия (20 январ) ва Арабистони Саудӣ (20 январ) рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.

Назари худро бинависед