24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниҳоии гурӯҳи «С»-и марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даврҳои қаблӣ бар тимҳои Макао (10:2) ва Камбоҷа (7:1) пирӯзӣ ба даст овард, акнун бо қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё-тими миллии Ҷопон рақобат хоҳад кард. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Чиптаҳои ҳарду вохӯрии як рӯз 30 сомонӣ арзиш дорад.