Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки аз 4 то 11 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард.
Тибқи қуръакашӣ, дастаи мо дар гурӯҳи «B» ҷойгир шуда, бо яккачинҳои Эрон, Марокаш ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.
Ҳар се дастае, ки Тоҷикистон бо онҳо бозӣ мекунад, иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон буданд.
Иштирок дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад.