Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023! – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар изҳори сипос мекунад.

Мо ба ҳамаи мухлисоне, ки ба Доҳа омаданд ва дар панҷ бозии баргузоршуда тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, миннатдории самимӣ баён мекунем. Ташаккури зиёд ба шумо, ки ба дастаи асосии мамлакат қувват ва нерӯи иловагӣ бахшидед!

Ба онҳое, ки бо сабабҳои объективӣ ба Қатар омада натавонистанд, вале дар назди экранҳои телевизиони худ бо эҳсоси баланду шавқи зиёд тамошо карданд, ташаккур мегӯем. Бозингарон ва мураббиён низ дар давоми тамоми мусобиқа дастгирии шуморо аз таҳти дил эҳсос карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси натиҷагирии худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба ҳаштгонаи беҳтаринҳои қитъа ворид шуд. Ин мусобиқа ба ҳамаи мо лаҳзаҳои дурахшон, эҳсосот ва таассуроти фаромӯшнашаванда бахшид.

ТАШАККУР БА ҲАМА!!!