Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026! – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухлисон барои дастгирии фаъолонаашон аз тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 изҳори сипос мекунад.

Дар се бозии мунтахаби Тоҷикистон муқобили дастаҳои Макао (1750), Камбоҷа (2045) ва Ҷопон (2850) ҳамагӣ 6645 тамошобин ширкат карданд.

Ташаккур ба мухлисоне, ки ба Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе омада, дастаро дар ин бозиҳо дастгирӣ карданд. Ба роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Шуҳрат Шонов, Саъдӣ Исмоилов ва Муҳриддин Раҷабов барои заҳматҳояшон самимона миннатдорӣ баён мекунем.

Ба Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ва ба ҳамаи блогероне, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ тими миллии моро фаъолона дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамоем.

Назари худро бинависед