Табрез Исломов: «Дар бозӣ бо Урдун мо танҳо барои ғалаба мубориза хоҳем бурд» – Федерация Футбола Таджикистана

Табрез Исломов: «Дар бозӣ бо Урдун мо танҳо барои ғалаба мубориза хоҳем бурд»

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Табрез Исломов интизориҳои худро аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун гуфт. Ин дидор 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор мешавад.

 

Табрез ИСЛОМОВ, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон: 

– Мо ба бозии дарпешистода мувофиқи нақша омодагӣ мебинем. Моро бо тими Урдун, ки дар таърихи худ бори панҷум дар Ҷоми Осиё ширкат варзида, се бор ба чорякниҳоӣ баромадааст, бозии душвор дар пеш аст.

Дар муқоиса бо бозии охирин дар моҳи ноябр, мо мушоҳида кардем, ки Урдун ҳоло беҳтар шудааст, хати ҳамла махсусан фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, ҳимоятгарони хуб дорем, боварӣ дорам, ки ҳуҷуми рақибро нигоҳ медоранд.

Дар вохӯрӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб, вақте ки дар варзишгоҳ мухлисони Тоҷикистонро дидем, ба мо нерӯи зиёд бахшид. Ин дафъа Федератсияи футболи Тоҷикистон боз ду хатсайри чартерӣ ташкил кард ва ин бешубҳа моро боз ангеза мебахшад. Мо барои Ватан мубориза мебарем! Баъди вохӯрӣ бо дастаи АМА дидем, ки чӣ тавр тамоми Тоҷикистон аз муваффақияти мо шод шуд. Ва мехоҳем, ки ин то ҳадди имкон давом кунад.

Назари худро бинависед