Тақвими байналмилалии мунтахаб ва дастаҳои Тоҷикистон барои мавсими-2026 – Федерация Футбола Таджикистана

Тақвими байналмилалии мунтахаб ва дастаҳои Тоҷикистон барои мавсими-2026

Дар соли 2026 як қатор дастаҳои миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок хоҳанд кард. Хусусан мунтахабҳои футзал ва футболи то 17-солаи кишвар дар марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 баромад менамоянд.

Илова бар ин, тими миллии Тоҷикистон 31 март дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 барои дарёфти роҳхати қисми ниҳоӣ бо яккачини Филиппин бозии хеле муҳим анҷом медиҳад.

Дар зер мусобиқаҳои байналмилалие, ки дастаҳои миллии Тоҷикистон ва бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар мавсими-2026 дар онҳо иштирок мекунанд, дарҷ мегарданд.

 

️ ЯНВАР

📅 14-24 январ – Ҷамъомади тамринии мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бозиҳои санҷишӣ дар Индонезия

 

📅 27 январ – 7 феврал, Индонезия

🏆 Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал

✔️ Тими миллии Тоҷикистон иштирок мекунад

 

️ ФЕВРАЛ

📅 12 феврал – Маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон (U-17)

 

📅 18-26 феврал, Минск

🏆 Ҷоми рушд-2026

✔️ Мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

️ МАРТ

📅 23-31 март – Рӯзҳои ФИФА

 

📅 31 март

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027

️ Гурӯҳи «А». Даври 6-ум

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 🆚 🇵🇭 Филиппин

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

️ АПРЕЛ

📅 11 апрел – Маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027

 

📅 5-15 апрел

🏆 Чемпионати CAFA-2026 миёни наврасон (U-17)

✔️ Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

📅 6-15 апрел – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

 

️ МАЙ

📅 2-12 май

🏆 Чемпионати CAFA-2026 миёни ҷавонон (U-20)

✔️ Мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

📅 7-24 май, Арабистони Саудӣ

🏆 Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон (U-17)

✔️ Мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

📅 28 май – Маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни ҷавонон (U-20)

 

️ ИЮН

📅 1-9 июн – Рӯзҳои ФИФА

 

📅 18-28 июн

🏆 Чемпионати CAFA-2026 оид ба футзал миёни дастаҳои занона

✔️ Дастаи миллии футзали занонаи Тоҷикистон ширкат меварзад

 

️ ИЮЛ

📅 21-31 июл

🏆 Чемпионати CAFA-2026 миёни дастаҳои занона (U-20)

✔️ Дастаи занонаи то 18-солаи Тоҷикистон ширкат меварзад

 

️ АВГУСТ

📅 29 август – 6 сентябр

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои ҷавонон (U-20)

✔️ Дастаи миллии ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

️ СЕНТЯБР

📅 5-15 сентябр

🏆 Чемпионати CAFA-2026 байни дастаҳои духтарона (U-17)

✔️ Тими миллии духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) иштирок мекунад

 

📅 21 сентябр – 6 октябр – Рӯзҳои ФИФА

 

📅 Сентябр, Арабистони Саудӣ

🏆 Бозиҳои Осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ

✔️ Интизор меравад, ки тими миллии футзали Тоҷикистон иштирок кунад

 

️ ОКТЯБР

📅 3-11 октябр

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои духтарона (U-17)

✔️ Мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

 

📅 12-21 октябр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

 

📅 7-24 октябр

🏆 Марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27

✔️ Бошгоҳи футболи “Истиқлол” иштирок мекунад

 

️ НОЯБР

📅 2-11 ноябр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

 

📅 9-17 ноябр – Рӯзҳои ФИФА

 

📅 Ноябр, Давҳа, Қатар

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои то 17-сола

 

📅 12-20 ноябр

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни наврасон (U-17)

✔️ Агар дастаи то 17-солаи Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёбад, мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон мустақиман ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат мегирад.

 

️ ДЕКАБР

📅 6-9 декабр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

Назари худро бинависед