Суҳроб Сатторов бозии даври чорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Суҳроб Сатторов бозии даври чорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад

Довари 36-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Сӯҳроб Сатторов, ки фаъолият дар Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия барояш аввалин таҷриба дар чунин сатҳ мебошад, довари бозии даври чорякниҳоӣ таъйин шуд.

Довари Тоҷикистон рақобати байни дастаҳои Тайланд ва Ироқро, ки рӯзи 3 феврал баргузор мешавад, ҳакамӣ хоҳад кард.

Суҳроб Сатторов аллакай панҷ бозиро дар Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Ҷакарта доварӣ кард. Ӯ довари марказӣ дар вохӯриҳои Қирғизистон – Индонезия (3:5) ва Кувайт – Лубнон (7:2), довари дуюм дар бозии Тайланд – Лубнон (2:0), довари сеюм дар бозии Эрон – Афғонистон (5:2) ва довари чорум дар бозии Афғонистон – Арабистони Саудӣ (3:0) буд.

Назари худро бинависед