Дастаи «Соро компания»-и Душанбе зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 ғолиб омад.
Дар бозии панҷум ва ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ «Соро компания» бар «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ғалаба карда (1:1, аз рӯйи пеналти – 5:4), унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Бозии охирини силсилаи ниҳоӣ имрӯз, 4 январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ин шашумин унвони қаҳрамонии «Соро компания» дар таърих ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи шаҳри Душанбе қаблан дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ҷоизаи қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 насиби футзалбозони «Сипар» ва медалҳои биринҷӣ насиби «Истиқлол» гардиданд.