«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 пирӯзии дуюмро ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 пирӯзии дуюмро ба даст овард

Бозии дуюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 дар шаҳри Душанбе байни бошгоҳҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» баргузор шуд.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ футзалбозони «Соро» ба дарвозаи «Истиқлол» се гол зада, дар ниҳоят дар силсилаи ниҳоӣ пирӯзии дуюми худро ба даст оварданд.

Бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ рӯзи 20 май дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мегардад.

Бояд гуфт, ки силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад.

Назари худро бинависед