«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 пешсаф шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 пешсаф шуд

Дар Душанбе бозии нахустини силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 миёни ду бошгоҳи пойтахт «Соро компани» ва «Истиқлол» баргузор шуд.

Вохӯрӣ маҷрои шадид касб карда, ба суди дастаи «Соро компания» ба охир расид – 3:2. Голҳои «Соро»-ро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва дарвозабони эронӣ Саид Торабиде заданд. Рустам Ҳамидов ва Абдуқаюм Умаров голҳои «Истиқлол»-ро ба самар расониданд.

Бозии дуюми силсилаи ниҳоӣ рӯзи 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки бар асоси низомнома, силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад.

Назари худро бинависед