«Соро компания» қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон оид ба футзал шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон оид ба футзал шуд

Бошгоҳи «Соро компания»-и Душанбе таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори панҷум қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он «Соро компания» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Голҳоро аз дастаи «Соро компания» Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, инчунин, легионерҳои бразилӣ Лукас Наказато ва Ҳуго Алвес Кардосо ба самар расониданд. Голи ягонаи «Истиқлол»-ро Насратшо Исмоилов зад.

Ҳамин тариқ, «Соро компания» дар бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ пирӯз шуда, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Қаблан тими Пайрав Воҳидов дар солҳои 2018, 2019, 2021 ва 2022 соҳиби медалҳои тилло шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2024/25 насиби футзалбозони “Истиқлол” ва медалҳои биринҷӣ насиби «Сипар»-и Хуҷанд гардиданд.

Назари худро бинависед