«Сипар» ва «Соро компания» дар бозии ниҳоии лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» ва «Соро компания» дар бозии ниҳоии лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Дастаи футзали «Соро компания» дар бозии сеюми серия бо ҳисоби 3:0  бар «Муҳоҷир» дастболо шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт ва акнун бо “Сипар”-и Хуҷанд рақобат мекунад.

“Муҳоҷир” ва “Истаравшан” бошанд барои медалҳои биринҷӣ қувва меозмоянд.

Ёдрас мешавем, ки вохӯрии финалӣ ва серия барои медалҳои биринҷии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 аз бозиҳо то се ғалаба иборат мебошанд. Ду вохӯрии аввали серияи ниҳоӣ дар Хуҷанд ва ду бозии аввали серия барои медалҳои биринҷӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Ниманиҳоӣ. Бозии сеюм

«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 3:0

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 12 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 13 (2:0). Умед Қузиев, 17 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуданд: Бахтиёр Солиев («Муҳоҷир»), 24 – маҳрум кардани рақиб аз имконияти возеҳи голзанӣ, Эраҷ Носеҳов (сармураббии «Муҳоҷир»), 25 – барои таҳқири ёвари сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»).

4 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

Ҳисоб дар серия – 2:1.

Назари худро бинависед