Дастаҳои футзали «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе баъди ғалабаҳояшон дар даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба бозиҳои нимфинали Ҷоми Лигаи касбии футзали кишвар роҳ ёфтанд.
«Сипар» дар меҳмонӣ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби бузурги 12:2 ғолиб омад. Дар ҳайати хуҷандиҳо Иқбол Воситзода, ки се гол зад, хет-трик кард. Бозингари мунтахаби Арманистон Давид Асланян ба задни ду гол муваффақ шуд. Дар бозии дигар «Соро компания» бар «Муҳоҷир»-и Душанбе бо ҳисоби 9:2 пирӯз шуд. Аз дастаи «Соро компания» Умед Қузиев ва бозигари мунтахаби Гурҷистон Вахтанг Кекелия дуголӣ заданд.
Ҳамин тариқ, ду давр қабл аз анҷоми марҳилаи дувуми мусобиқа дастаҳои «Сипар» ва «Соро компания» пешакӣ ба нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Қобили қайд аст, ки мусобиқаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон имсол дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебаранд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа, финал ва бозӣ барои ҷоизаи биринҷӣ аз бозиҳои то се пирӯзӣ иборат аст.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 8-ум
«Истаравшан» – «Сипар» – 2:12
Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 2 (0:1). Илёс Чотбоев, 10 (0:2). Парвиз Раупов, 11 – ба дарвозаи худ (0:3). Иқбол Воситзода, 14 (0:4). Иқбол Воситзода, 16 (0:5). Давид Асланян, 17 (0:6). Дилшод Саломов, 20 (0:7). Давид Асланян, 21 (0:8). Фаридун Расулов, 22 (1:8). Холид Сабуров, 33 (2:8). Иқбол Воситзода, 34 (2:9). Парвиз Раҳматов, 35 (2:10). Алишер Сафаров, 36 (2:11). Валиҷон Валиев, 39 (2:12).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
Беҳтарин бозигари дидор: Иқбол Воситзода («Сипар»).
31 август. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон».
«Муҳоҷир» – «Соро компания» – 2:9
Голҳо: Умед Қузиев, 8 (0:1). Вахтанг Кекелия, 9 (0:2). Муҳаммад Шарипов, 10 (0:3). Нусратшо Исмоилов, 11 (1:3). Комрон Алиев, 14 (1:4). Фаридун Неъматов, 21 (1:5). Некрӯз Алимаҳмадов, 25 (1:6). Абдуқаюм Умаров, 32 (2:6). Вахтанг Кекелия, 34 (2:7). Умед Қузиев, 35 (2:8). Идрис Ёров, 39 (2:9).
Беҳтарин бозигари дидор: Вахтанг Кекелия («Соро компания»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
31 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Сипар» (Хуҷанд) | 8 | 7 | 1 | 0 | 61-19 | 22 |
2 | «Соро компания» (Душанбе) | 8 | 6 | 1 | 1 | 63-14 | 19 |
3 | «Муҳоҷир» (Душанбе) | 8 | 4 | 0 | 4 | 43-43 | 12 |
4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 8 | 3 | 0 | 5 | 53-61 | 9 |
5 | «Равшан» (Кӯлоб) | 7 | 1 | 0 | 6 | 30-68 | 3 |
6 | «Самандар» (Турсунзода) | 7 | 1 | 0 | 6 | 35-80 | 3 |
Нишонзанҳо: Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 тӯб, Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 14 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар»), Фаридун Расулов («Истаравшан») – 13-тӯбӣ, Собирҷон Гулаков («Сипар») – 12 тӯб, Насим Шарипов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду аз «Соро компания») – 9-тӯбӣ.
Даври 9-ум
3 сентябр (панҷшанбе)
«Соро компания» – «Самандар»
«Сипар» – «Муҳоҷир»
«Равшан» – «Истаравшан»