«Сипар» ҳисобро дар силсилаи ниҳоӣ бо «Соро компания» мусовӣ кард. Қаҳрамон дар бозии панҷум муайян мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» ҳисобро дар силсилаи ниҳоӣ бо «Соро компания» мусовӣ кард. Қаҳрамон дар бозии панҷум муайян мешавад

Дастаи «Сипар» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 таносубро барқарор кард. Дар бозии чоруми силсилаи ниҳоӣ дастаи шаҳри Хуҷанд бар «Соро компания»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид.

Баъди ин рақобат ҳисоби силсила мусовӣ 2:2 шуд. Унвони қаҳрамон дар вохӯрии панҷум ва ҳалкунанда, ки дар Хуҷанд баргузор мешавад, муайян мегардад.

Назари худро бинависед