Нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигари бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025 эътироф гардид.
Дар бозии ниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бар «Эсхата» бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуда, барандаи ҳашткаратаи Ҷоми кишвар гардид. Дар ин дидор Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи «Эсхата» як гол зад.