Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигар дар вохӯрӣ муқобили Малдив эълон гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигар дар вохӯрӣ муқобили Малдив эълон гардид

Нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев бори дигар беҳтарин бозигари тими миллии Тоҷикистон дониста шуд – ин дафъа дар рақобати сафарӣ бо мунтахаби Малдив дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027.

Дар бозӣ бо тими Малдив Мабатшоев 86 дақиқа ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба – дар дақиқаҳои 34-ум ва 78-ум тӯбро ба самар расонд. Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Қаблан, ӯ инчунин беҳтарин бозигар дар вохӯрии хонагӣ бо дастаи Малдив (2:0) эътироф шуда буд.

Қобили зикр аст, ки Шервонӣ Мабатшоев дар чаҳор бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 аллакай чаҳор гол задааст.