Имрӯз, 1 январ сардори дастгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аъзамович Ахмедов 70-сола шуд.
Аҳли кормандони ФФТ Шавкат Аъзамовичро бо рӯзи таваллуд самимона табрик мекунад! Ба соҳибҷашн саломатии бардавом, бахту саодати рӯзгор, нерӯи бепоён ва дар самти рушди футболи тоҷик муваффақиятҳо таманно дорем!