Рустам Ятимов дар бозиҳо муқобили яккачинҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ иштирок намекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Ятимов дар бозиҳо муқобили яккачинҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ иштирок намекунад

Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов дар бозиҳои мунтахаби кишвар муқобили яккачини Беларус (20 март) ва дастаи Тимори Шарқӣ (25 март) иштирок намекунад.

Рустам Ятимов дар вохӯриҳои моҳи мартии мунтахаби миллӣ бинобар ҷароҳат бардоштан дар ҳайати дастаи хеш ширкат карда наметавонад. Ӯ аз дарди миён азият мекашад. Ситоди мураббиёни яккачини Тоҷикистон ба Рустам Ятимов шифои комилу оҷил таманно дорад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо миллипӯшони Беларус вохӯрии дӯстона доир карда, 25 март бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо дастаи Тимори Шарқӣ анҷом медиҳад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед