Рустам Ятимов: «Дар бозӣ бо дастаи Қатар мисли рақобат бо тими Чин осон нахоҳад буд» – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Ятимов: «Дар бозӣ бо дастаи Қатар мисли рақобат бо тими Чин осон нахоҳад буд»

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов интизориҳояшро аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатар гуфт. Ин дидор фардо, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Рустам ЯТИМОВ, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон: 

– Мо ба бозӣ бо тими миллии Қатар мувофиқи нақша омодагӣ мебинем. Дар Ҷоми Осиё-2023 бозии осон нест, ҳама дастаҳо қавиянд ва бо тайёрии ҷиддӣ омадаанд. Мисли рақобат бо дастаи Чин душвор хоҳад буд. Дар рӯйи қоғаз Қатар фаворит аст, аммо вақте ки ба майдон мебароӣ, имкони ҳарду 50/50 мешавад. Ҳар кӣ хоҳиши бештар дорад, зиёдтар талош мекунад ва бахт ба рӯяш механдад, ғолиб мешавад. 

Ситоди мураббиён чанд дарси назариявӣ гузаронида, ҳам бозии худро бо Чин ва ҳам бозии Қатар бо Лубнонро таҳлил карданд. Мо ба хатоҳои худ ва камбудиҳои ҳарифон шинос шудем. Ҳар як даста ҷиҳатҳои қавии худро дорад. Мо ба натиҷаи мусбӣ дар бозии пагоҳ умед дорем.

Назари худро бинависед