Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мунтахаби Тоҷикистон барои ҳунарнамоии шоён дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос кард.
Дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон дар як рақобати шадид муқобили яккачини Урдун баромади хуб намуда, лаҳзаҳои зиёди голзанӣ созмон дод. Вале бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба суди дастаи Урдун хотима ёфт.
Пас аз бозӣ бо Урдун, президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ ба тамоми аъзои даста барои натиҷаи таърихие, ки дар чемпионати Осиё нишон дод, изҳори сипос кард.
«Тамоми Тоҷикистон бо шумо фахр мекунад! Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда! Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Барои ҳамааш ташаккур!» – гуфт пас аз бозӣ президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарини мусобиқот шомил гардид.