Роҳбари департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев марҳилаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро хидматрасонӣ мекунад.
Абдуллоев ба ҳайси фитнес-дастурдиҳандаи доварон дар гурӯҳи “Е”-и Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 фаъолият хоҳад намуд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои футболи «Персеполис» (Эрон), «Ал-Райян» (Қатар), «Гоа» (Ҳиндустон), инчунин ғолиби ҷуфти бозии плей-офф байни «Ал-Ваҳда» (ИМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ) баромад мекунанд.
Мусобиқаи марказонидашудаи ин гурӯҳро, ки аз 14 то 29 апрел дар шаҳри Гоаи Ҳиндустон баргузор мешавад, доварон аз Узбекистон, Баҳрайн, Ҷопон, Кувайт ва Малайзия хидматрасонӣ мекунанд. Алим Орифов (Узбекистон) ва Рони Ҷон Сӯҳатрил (Индонезия) ба ҳайси комиссар дар бозиҳои гурӯҳи “E” кор хоҳанд кард.