Имрӯз, 4-уми январ, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт аввалин мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо роҳбарони дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум вобаста ба масъалаҳои мубрами мавсими нави Лигаи футболи Тоҷикистон 2025 баргузор гардид.
Дар он ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд.
Дар рафти мулоқот масъалаи омодагии дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум ба мавсими нав, гузаштани дастаҳо аз марҳилаи литсензиякунонӣ, тағйиру иловаҳо дар талаботҳои молиявӣ нисбати дастаҳо ва бақайдгирии бозигарони хориҷӣ матраҳ гардид.
Қайд гардид, ки равзанаи гузаришҳои зимистона санаи 1-уми январ боз гардида, 5-уми март ду рӯз пеш аз аввалин бозии Лигаи олӣ-2025 баста мешавад. Равзанаи гузаришҳои тобистона бошад аз 1-уми июл то 28-уми июли соли ҷорӣ давом мекунад.
Барномаҳои рақамии CLAS (системаи маъмурии литсензиякунонии бошгоҳҳо) ва FIFA Connect (барномаи қайди гузаришҳо ва бозигарони нави даста) аллакай боз гардида, дастаҳо то муҳлати муқаррар шуда, бояд талаботҳои барномаҳои мазкурро иҷро намоянд.
Роҳбарияти Федератсия аз таҷрибаи мавсимҳои гузашта камбудиҳои дастаҳоро ишора карда, аз масъулини дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳоро вазифагузорӣ намуданд. Рӯз то рӯз тақозои футболи муосир меафзояд, барои ҳамин дастаҳои Тоҷикистон бояд ҳамқадами замон бошанд, то футболи дар кишвар рушд кунад.
Имсол низ озмуни “Мухлиси беҳтарини сол” роҳандозӣ мегардад. Роҳбарони фан-клубҳои дастаҳо даъват гардида, ба онҳо критерияҳои нави баргузории озмун фаҳмонда шуд. Дар қиёс ба соли гузашта маблағи ҷоизавии озмун афзоиш ёфт – аз 100 000 сомонӣ ба 150 000 сомонӣ.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, роҳбарони ФФТ ва ЛФТ ба суолҳои рӯзмара ҷавоб гардонданд. Инчунин ба дастаҳое, ки мавсими гузашта муваффақона аз марҳилаи литсензиякунонии КФО аз барномаи CLAS гузаштанд, сипосномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардид.