Дар пойтахти Руанда шаҳри Кигали Конгресси 73-юми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва сардори департаменти байналмилалӣ Давлатманд Исломов ширкат доштанд.
Дар доираи Конгресс маросими интихоби президенти ФИФА баргузор гардид. Ҷанни Инфантино аз Швейтсария барои давраи нав – аз соли 2023 то 2027 президенти ФИФА интихоб шуд.
Конгресси навбатии ФИФА 17 майи соли 2024 баргузор мешавад. Макони баргузорӣ дертар эълон карда мешавад.