«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баромад мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баромад мекунад

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, шоми имрӯз барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 ба Бишкек сафар мекунад. 

«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Ал-Арабӣ» (Кувайт) ва «Сафо» (Лубнон) рақобат менамояд. 

Дар бозии аввал «Регар-ТадАЗ» бо «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон нерӯ месанҷад. Ин вохӯрӣ 25 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. 

Ба бошгоҳи шаҳри Турсунзода дар Лигаи даъвати КФО-2025/26 муваффақият таманно дорем!

Назари худро бинависед