«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 бар «Эсхата» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, бори ҳаштум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоиза гардид.
Бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуд, 13 850 тамошобинро ҷамъ овард.