Растислав Божик: «Кӯшиш мекунем, ки муқобили мунтахаби Тоҷикистон бозии сазовор нишон диҳем» – Федерация Футбола Таджикистана

Растислав Божик: «Кӯшиш мекунем, ки муқобили мунтахаби Тоҷикистон бозии сазовор нишон диҳем»

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Муғулистон, мутахассиси словак Растислав Божик интизориҳояшро ба бозии дарпешистодаи марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 25 март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, чунин баён намуд:

 

Растислав БОЖИК, сармураббии тими миллии Муғулистон:

– Барои дастаи мо бозӣ бо Тоҷикистон аввалин вохӯрӣ дар давраи пандемия хоҳад буд. Мутаассифона, соли гузашта мо ҳеҷ гоҳ ҷамъ наомадем. Мо омодагиро ба бозӣ бо Тоҷикистон рӯзи 27 феврал оғоз кардем. Мо қариб як моҳ дар Туркия тамрин карда, дар он ҷо якчанд бозии санҷишӣ гузаронидем. Мо медонем, ки мунтахаби Тоҷикистон як дастаи пурқуввату қавӣ аст, аммо мо кӯшиш мекунем, ки ба рақиб муқобилияти сазовор нишон диҳем.

Назари худро бинависед