Имрӯз, 27 январ, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 баргузор шуд, ки тибқи натоиҷи он, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – “Равшан” ва “Хуҷанд” рақибони худро шинохтанд.
Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” баромад мекунад. Рақибони дастаи ҷануби кишвар қаҳрамони феълии Қирғизистон – “Дордой”-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон, дастаи “Аҳал” мебошанд. Барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон – дастаи футболи “Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи соҳили Сирдарё дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дастаҳои АГМК (ё ки “Насаф”)-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Олой”-и Қирғизистон ҳастанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 ба тартиби мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май баргузор мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоии минтақавӣ вомехӯранд. Бозии мазкур аз ду вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 11 ва 25 август доир мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани дастаи футболи АГМК, дар Ҷоми КФО-2021 ба ҷои вай дастаи “Насаф” (Қаршӣ, Узбекистон) баромад мекунад. Дар сурати роҳ наёфтанаш ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»:
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Гурӯҳи «F»:
АГМК (ё ки «Насаф» Узбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Олой» (Қирғизистон)