Раҳбарияти ФФТ дар 75-умин Конгресси ФИФА ширкат кард – Федерация Футбола Таджикистана

Раҳбарияти ФФТ дар 75-умин Конгресси ФИФА ширкат кард

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар 75-умин Конгресси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки дар Парагвай баргузор шуд, ширкат кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар Конгресси ФИФА ноиби президент Алишер Урунов ва котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.

Конгресс тасдиқ кард, ки шумораи иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон миёни занон сар аз соли 2031 то 48 даста афзоиш дода шуд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар бораи шаклҳои нави чемпионатҳои ҷаҳон сухан ронда, қайд кард, ки ин мусобиқаҳо дар таърих гуногунрангтарин ва фарқкунанда хоҳанд буд.

Конгресси навбатӣ, 76-уми ФИФА 30 апрели соли 2026 дар Ванкувер баргузор мешавад.

Назари худро бинависед