Петр Сегрт: «Дар бозӣ бо тими Қатар барои имтиёзҳо талош мекунем» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Дар бозӣ бо тими Қатар барои имтиёзҳо талош мекунем»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт қабл аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатар дар нишасти матбуотӣ ширкат кард. Ин дидор фардо, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Пагоҳ моро бо қаҳрамони феълии Осиё – тими миллии Қатар, ки онро қариб тамоми варзишгоҳ дастгирӣ хоҳад кард, бозии хеле душвор дар пеш аст.  Албатта, мунтахаби Қатар аз тими миллии Чин пурқувваттар аст. Мо ба рақибони худ эҳтиром зоҳир мекунем, дар навбати худ, мардуми Қатар ба дастаи мо муносибати хуб дорад. Аммо пагоҳ давоми 90 дақиқа ин дӯстиро фаромӯш кардан лозим меояд. Ҳар як даста вазифаҳои худро дорад. Мо мехоҳем, ки натиҷаи мусбӣ ба даст орем ва ҳангома офарем – се ё як холро соҳиб шавем. Ҳарчанд мефаҳмем, ки ин осон нахоҳад буд. Тавре ки қабл аз бозӣ бо Чин гуфтам, мо дар ҳар вохӯрӣ мубориза хоҳем бурд. Барои ман чизи асосӣ ин аст, ки мо фардо чӣ гуна рақобат мекунем. Кӯшиш менамоем, ки футболи худамонро бозӣ кунем. Фикр мекунам, мунтахаби Қатар низ моро ҳамчун рақиби ҷиддӣ қабул менамояд.

Назари худро бинависед