Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев бобати омодагии даста ба бозии ниманиҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» бо тими миллии Лубнон, ки рӯзи 4 сентябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад, андешаҳояшро гуфт.
Парвизҷон УМАРБОЕВ, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Мо ба бозӣ бо Лубнон мувофиқи нақша омодагӣ мебинем. Рақобат душвор хоҳад буд ва рақиб сода нест. Мо тими Лубнонро нағз медонем, онҳо низ моро хуб мешиносанд. Ба Малайзия бисёр бозигарони нав омаданд. Мо чун бачаҳои таҷрибадор ба онҳо дар тамринҳо кӯмак мекунем, то зуд ба даста мутобиқ шаванд. Ҳоло аз ҳама муҳим ин омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 аст. Ягона ҷиҳати манфии бозии дарпешистода бо Лубнон дар он аст, ки он на бегоҳ, балки дар гармии рӯз баргузор мешавад. Бо дарназардошти намии баланд, барои ҳарду даста мушкил хоҳад буд. Дар ҳар сурат мо дар майдон то охир мубориза хоҳем бурд, интизори пирӯзӣ ҳастем.