Дастаи футболи «Панҷшер» аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғолиби мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон шуд.
Мусобиқа бо иштироки чор даста дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шуд. Футболбоздухтарони “Панҷшер” бар дастаҳои «Бешкент» (3:0) ва «Навбаҳор» (2:0) пирӯз шуда, бозиро бо дастаи футболбоздухтарони «Пахтакор-Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мусовӣ (1:1) анҷом карданд.
Ба ин тартиб, медалҳои нуқраро дастаи “Навбаҳор” (Мастчоҳ) ва медалҳои биринҷиро футболбоздухтарони дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав соҳиб шуданд.
Беҳтарин нишонзани мусобиқа Рухшона Файзуллоева аз дастаи («Пахтакор-Ҷавонӣ») шуд. Рухшона давоми бозиҳои мусобиқа ба задани 25 гол ба дарвозаи ҳарифон муваффақ гашт.Севинч Фармонова аз дастаи («Навбаҳор») беҳтарин дарвозабон ва Марҷона Саидова аз («Панҷшер») беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуданд.
Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон
Марҳилаи ниҳоӣ
Даври 1–ум
«Бешкент» – «Панҷшер» – 0:3
«Навбаҳор» – «Пахтакор-Ҷавонӣ» – 1:1
Даври 2-юм
«Бешкент» – «Пахтакор-Ҷавонӣ» – 1:0
«Навбаҳор» – «Панҷшер» – 0:2
Даври 3-юм
«Бешкент» – «Навбаҳор» – 0:1
«Пахтакор-Ҷавонӣ» – «Панҷшер» – 1:1
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-1 | 7 |
2 | «Навбаҳор» (Мастчоҳ) | 3 | 1 | 1 | 1 | 2-3 | 4 |
3 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 3 | 1 | 0 | 2 | 1-4 | 3 |
4 | «Пахтакор-Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) | 3 | 0 | 2 | 1 | 2-3 | 2 |