Пайрав Воҳидов: «Муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард» – Федерация Футбола Таджикистана

Пайрав Воҳидов: «Муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард»

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натиҷаи бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Афғонистон (2:1)-ро шарҳ дода, интизориҳои худро аз вохӯрии ниманиҳоӣ бо дастаи Тайланд иброз намуд.

«Мо интизор доштем, ки бозӣ бо Афғонистон мушкил хоҳад буд. Бозигарони мо барои ноил шудан ба натиҷа зери фишор буданд. Ба бачаҳо гуфтем, ки бозии худро нишон диҳанд ва асабонӣ нашаванд. Хушбахтона, бахт аз ҷониби мо буд. Ду сол пеш дар Ҷоми Осиё дар Кувайт ба марҳилаи чорякниҳоӣ баромадем, вале баъдан мағлуб шуда будем. Ин дафъа мо тавонистем монеаи даври чорякниҳоиро паси сар карда, роҳхати таърихии қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонро ба даст орем. Ин эҳсосоти аҷибест, ки ман онҳоро бо сухан ифода карда наметавонам. Мехоҳам ба бозигарон барои фидокорӣ, иҷрои дастурҳои тактикӣ ва хоҳиши ғолиб шуданашон ташаккур гӯям.

Бори аввал дар таърихи худ мо дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Осиё рақобат мекунем. Моро бо мизбони мусобиқа Тайланд бозии душвор интизор аст. Ин яке аз қавитарин дастаҳои Осиё аст, ки ду сол қабл дар Ҷоми Осиё дар Кувайт бо онҳо вохӯрдаем. Мо барои ғалаба бозӣ карда, то сонияҳои охирин мубориза хоҳем бурд. Фардо дастае, ки камтар иштибоҳ мекунад, пирӯз мешавад», – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед