Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов интизориҳои худро аз бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи 28 апрел дар Бангкок баргузор мешавад, иброз дошт.
«Пеш аз ҳама, ман мехоҳам ба мухлисонамон, ки барои дастгирии мо ба Тайланд омадаанд, ташаккур гӯям. Дар мавриди бозии дар пешистода бо Ӯзбекистон, мо бо ин даста дар сатҳҳои гуногун бозиҳои зиёд гузаронидаем. Ҷиҳатҳои қавии рақибро медонем. Кӯшиш мекунем, ки хуб баромад карда, ғалаба ба даст орем. Барои омодагӣ ба вохӯрӣ машқҳои барқарорсозӣ анҷом медиҳем. Мо қодирем, ки пагоҳ ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем.
Гирифтани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон барои мо дар Ҷоми Осиё-2024 натиҷаи олӣ буд. Дар рафти мусобиқа мо бо беҳтарин дастаҳои Осиё бозӣ кардем ва рақобат бо онҳо барои мо таҷрибаи пурарзиш гардид. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон низ барои тими мо таҷрибаи хуб хоҳад буд», – гуфт сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов қабл аз бозӣ бо мунтахаби Ӯзбекистон.