Омодагӣ ба рақобат муқобили Филиппин: тими миллии Тоҷикистон машқҳоро идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Омодагӣ ба рақобат муқобили Филиппин: тими миллии Тоҷикистон машқҳоро идома медиҳад

Тими миллии Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъиро ҷиҳати омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар зидди Филиппин идома медиҳад.

Мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб тамринҳои дастаҷамъиро баргузор намуданд. Машғулиятҳо тақрибан ду соат идома ёфта, дар онҳо 25 нафар бозигароне, ки ба рӯйхати даъватшудагон шомиланд, иштирок карданд.

Раванди тамринҳо дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, бозигарон омодагии хуби ҷисмонӣ ва рӯҳии худро нишон доданд. Тамаркузи ҷиддӣ, интизоми дастаҷамъӣ ва фазои кории мусбат аз азми қавии футболбозон барои натиҷаи хуб ба даст овардан дар бозии дарпешистода дарак медиҳад.

Назари худро бинависед