Дарвозабони 29-солаи дастаи «Уфа» Олег Баклов, ки аввалин бор ба тими миллии Тоҷикистон даъват шуд, нахустин тамрини худро бо тими миллии мо дар Куала-Лумпур анҷом дод.
Қабл аз оғози машқҳо сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе Олегро бинобар даъвати нахустинаш ба мунтахаби кишвар табрик гуфта, барору комёбиҳо таманно кард. Баъд дарвозабон аз роҳрави анъанавии дебютант гузашта, ӯро бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба далели таъхири парвоз, Баклов давоми беш аз ду рӯз аз Уфа ба Куала-Лумпур сафар кард, аз ин рӯ, нахустин тамрини дебютанти тими миллии Тоҷикистон хусусияти барқарорсозӣ дошт.