Яке аз беҳтарин варзишгарони кишвар, дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ-2024 ва чемпионати ҷаҳон-2025, ҷудокори муваффақ Темур Раҳимов ба қароргоҳи тими миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни вохӯрии самимӣ ва рӯҳбаландкунанда варзишгари маъруф аз таърихи муваффақияти худ, роҳи душвори варзиши касбӣ, мушкилоте, ки ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст ва аҳамияти боварӣ ба худ ҳатто дар лаҳзаҳои душвортаринро қисса кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як бохт барои ӯ дарс ва ҳар як пирӯзӣ натиҷаи меҳнати зиёд, интизом ва дастгирии наздикону мураббиён мебошад.
Ҳамчунин, Раҳимов аҳамияти рӯҳияи дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фидокории пурра дар майдонро зикр карда, илова намуд, ки маҳз ҳамин сифатҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Темур Раҳимов ба мунтахаби миллӣ дар бозии дарпешистода муқобили Филиппин барору комёбӣ орзу карда, қайд намуд, ки самимона мунтахабро мухлисӣ хоҳад кард.
Капитани яккачини Тоҷикистон Аҳтам Назаров дар навбати худ, ба Темур Раҳимов барои ташриф ва вохӯрии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти чунин мулоқотро барои рӯҳияи бозигарон муҳим арзёбӣ кард. Ба нишони қадрдонӣ ӯ ба варзишгари маъруф либоси тими миллиро бо рақами 20 тақдим намуд.