Нишонзани беҳтарини тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов корномаи бозигариашро ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Нишонзани беҳтарини тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов корномаи бозигариашро ҷамъбаст кард

Ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аз анҷоми фаъолияти касбии бозигарии худ хабар дод.

Имрӯз, 2 март дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и Душанбе бошгоҳи «Истиқлол»-и пойтахт бахшида ба омодагӣ ба мавсими нав чорабинии тантанавӣ баргузор кард. Дар доираи ҳамоиш маросими қадршиносии Манучеҳр Ҷалилов доир шуд, ки расман аз хотимаи фаъолияти касбиаш эълон кард.

Роҳбарияти дастаи «Истиқлол», ҳамдастаҳо ва аъзои ҷомеаи футбол аз Манучеҳр барои саҳми назаррас дар муваффақияти бошгоҳ ва дастаи миллии кишвар изҳори сипос карданд. 

Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2007 ҳунарнамоӣ карда, бо даста то даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтааст.

Нахустин бозии худро дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 26 марти соли 2015 дар дидори дӯстона муқобили мунтахаби Малдив (2:0) анҷом дод. Ҷолиб он аст, ки дар ҳамин бозӣ ӯ муаллифи яке аз голҳо гардид. 

Дар тӯли даҳ соли фаъолият дар тими миллӣ (2015-2025) Ҷалилов дар 54 бозӣ ба майдон баромада, 20 гол ба самар расонидааст. Айни ҳол ӯ беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Назари худро бинависед