То бозии аввали тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Урдун рӯзҳои башумор мондааст.
Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт омодагиҳоро ба вохӯрии дарпешистода идома медиҳад. Рузи якшанбе миллипӯшони мо дар реҷаи дувақтаина тамрин карданд. Рӯзона даста дар толори варзишии меҳмонхонаи «Румӣ» якуним соат, шомгоҳон дар майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи Сегрт тамрин намуд.
Қобили зикр аст, ки бозии аввали даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун рӯзи панҷшанбеи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, соати 18:00 оғоз мешавад.