Мутахассиси 45-солаи белорусӣ Андрей Мисюк ба ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, акнун ба Горан Стеванович кӯмак хоҳад кард.
Мисюк ҳамчун мураббии омодагии ҷисмонӣ кор намуда, масъули вазъи фунсионалии бозигарон хоҳад буд.
Ӯ қаблан дар дастаҳои БАТЭ ва «Ислоч» (Беларус), «Атирау» ва «Туран» (Қазоқистон) фаъолият кардааст.