Мавсими имсола байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.
Ғолиби мутлақи мусобиқа бо 24 имтиёз собиқадорони дастаи «Рамис-Испечак»-и Душанбе шуданд. Собиқадорни футболи пойтахти кишвар дар ҳамаи ҳашт бозии баргузоршуда ғалаба карданд.
Собиқадорони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хатлон»-и Бохтар 16 имтиёзиро ба даст оварданд, аммо дар вохӯриҳои байнихудӣ бартарият ҷониби собиқадорони кӯлобӣ буд ва аз ҳамин ҳисоб “Равшан” соҳиби медалҳои нуқра гашт. Собиқадорони хатлонӣ бошанд медалҳои биринҷии мусобиқаро ба гардан овехтанд.
Ҳамлагари «Рамис-Испечак» Шуҷоат Неъматов бо 11 голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд.
Ёдрас мешавем, ки вобаста ба пандемияи коронавирус мусобиқаи имсола байни собиқадорон дар як қисм баргузор гардид.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорон. Даври 9-ум
«Ваҳдат» – «Фирдавс-40» – 4:2
«Давлат-Содиқ» – «Рамис-Испечак» – 2:3
«Равшан» – «Хатлон» – 3:0
«Ҳосилот» – «Собиқадорон» – 7:5
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Рамис-Испечак» (Душанбе) | 8 | 8 | 0 | 0 | 40-17 | 24 |
2 | «Равшан» (Кӯлоб) | 8 | 5 | 1 | 2 | 34-20 | 16 |
3 | «Хатлон» (Бохтар) | 8 | 5 | 1 | 2 | 34-20 | 16 |
4 | «Фирдавс-40» (Душанбе) | 8 | 3 | 2 | 3 | 21-16 | 11 |
5 | «Давлат-Содиқ» (Восеъ) | 8 | 3 | 2 | 3 | 17-12 | 11 |
6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 8 | 3 | 1 | 4 | 18-25 | 10 |
7 | «Хайр» (Ваҳдат) | 8 | 2 | 1 | 5 | 20-28 | 7 |
8 | «Шери Восеъ» (Восеъ) | 8 | 1 | 2 | 5 | 14-25 | 5 |
9 | «Собиқадорон» (Душанбе) | 8 | 1 | 0 | 7 | 12-38 | 3 |
Нишонзанҳо: Шуҷоат Неъматов («Рамис-Ипечак») – 11 гол, Баҳрулло Давлатов («Рамис-Испечак») – 10 гол.