Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар доираи машқҳои таълимӣ бозии дӯстона анҷом дод.
Рақиби бонувони мо мунтахаби занонаи Амороти Муттаҳидаи Араб буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.
Вохӯрии якуми дастаҳои занонаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон, ки 1 март бояд баргузор мешуд, қаблан бекор гардида буд.