Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Ҷидда рафт.
Дар ин ҷамъомади таълимӣ тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо дар рӯзҳои ФИФА – 23 ва 26 феврал дар варзишгоҳи «Кинг Абдуллоҳ Спортс Сити» баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешаванд.
Қобили зикр аст, ки имсол мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 июн то 5 июл баргузор мешавад, ширкат мекунад. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ рӯзи 27 март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.