Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 нахустин бозии дӯстонаашро бо тими Арабистони Саудӣ анҷом дод.
Ин бозӣ 23 феврал дар Ҷидда баргузор шуд ва бо ҳисоби 4:0 бо пирӯзии тими Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
26 феврал тимҳои миллии занонаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар Ҷидда бозии дӯстонаи навбатиро доир мекунанд.
Қобили зикр аст, ки имсол мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 июн то 5 июл баргузор мешавад, ширкат мекунад. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ рӯзи 27 март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.