9 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ чорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали занона оғоз мешавад.
Дар ин мусобиқа, ки аз 9 то 16 феврал баргузор мешавад, тимҳои футзали занонаи панҷ кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Мусобиқа дар як марҳила баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон нахустин бозии худро дар чемпионати CAFA-2025 бо тими Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи 10 феврал доир мегардад.