Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Бишкек қарор дорад, тамринҳои худро онҷо шуруъ кард.
Машқҳо дар яке аз майдончаҳои машғулиятии клуби футболи «Абдиш-Ата»-и шахри Кант сурат гирифта, якуним соат давом кард. Дар тамрин ҳамаи он 25 бозигаре, ки ба мунтахаб даъват шудаанд, ширкат карданд.
Тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» рӯзи 8-уми июн бо яккачини Мянмар анҷом медиҳад. Ин дидор дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.